Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

03.05.2024 17:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз  суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд.

Сарони ду давлат, ҳамчунин, ҳамоҳангии наздики сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳамзамон муҳим будани тақвияти минбаъдаи ҳамкории онҳоро таъкид карданд.

Президентҳо, инчунин,  оид ба масоили алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо, дар баробари ин, ҷадвали мулоқотҳои наздики дуҷонибаро ҳамоҳанг намуданд.

Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин аз Пешвои миллат даъват карданд, то дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд, иштирок намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520